DevOps муҳандис

Donish.io • Умумӣ

Нимрӯза Фосилавӣ Маош: 500 - 1,000 c. Ширкати Дониш

Тавсифи ҷойи корӣ

Donish.io — платформаи таълимии рақамист, ки ба донишомӯзон ва омӯзгорон ба тамоми мардуми тоҷикзабон дар саросари ҷаҳон хизмат мерасонад. Мо дар ҷустуҷӯи DevOps муҳандиси ҷавон ҳастем, ки бо мо барои сохтани зерсохтори боэтимод ва scalable ҳамкорӣ кунад.



ДАР БОРАИ ВАЗИФА:



Шумо бо дастаи муҳандисии мо кор карда, pipeline-ҳои CI/CD-ро нигоҳдорӣ мекунед, муҳитҳои Dev, Staging ва Production-ро идора мекунед ва дар автоматикунонии инфраструктура саҳм мегиред. Ин вазифа барои шахсе мувофиқ аст, ки тозаза кор карданро мехоҳад ва мехоҳад таҷрибаи амалии воқеӣ касб кунад.



Масъулиятҳои асосӣ



- Нигоҳдорӣ ва беҳтар кардани pipeline-ҳои CI/CD бо истифодаи GitHub Actions
- Идоракунии контейнерҳои Docker дар серверҳои EC2
- Мониторинги амалкарди барномаҳо ва реагирония ба мушкилоти системавӣ
- Кумак дар танзими муҳитҳои Staging ва Production дар AWS
- Идоракунии захираҳо дар AWS (EC2, RDS, ECR, Route 53)
- Ҳифзи амнияти сервер ва навсозии мунтазами системаҳо
- Ҳамкорӣ бо дастаи backend барои ҳалли мушкилоти инфраструктура

Талабот

- Таҷрибаи 1–2 сол дар соҳаи DevOps, SysAdmin ё Cloud Engineering
- Дониши асосии Linux (Ubuntu/Debian) ва командаҳои bash
- Шинохт бо Docker ва мафҳуми контейнеризатсия
- Таҷрибаи кор бо AWS (ҳадди ақал EC2 ва S3)
- Фаҳмиши CI/CD pipeline-ҳо (GitHub Actions ё монанди он)
- Тавонои хондан ва навиштани скриптҳои bash ё Python
- Дониши асосии шабакабандӣ (DNS, HTTP/S, порт, firewall)

Имтиёзноки (плюс аст, аммо ҳатмӣ нест)



- Таҷрибаи кор бо Laravel ё PHP
- Шинохт бо AWS RDS Aurora ва VPC
- Дониши Nginx ва Supervisor барои идоракунии процессҳо
- Таҷрибаи кор бо мониторинг (CloudWatch, Grafana, ё монанди он)
- Шинохт бо Amazon ECR барои захирасозии Docker image-ҳо



МО ПЕШНИҲОД МЕКУНЕМ



Кори фосилавӣ — аз ҳар куҷо дар Тоҷикистон ё хориҷ
Муҳити кории дӯстона ва дастаи хурди ҳамроҳ
Таҷрибаи амалӣ дар сохтани зерсохтори воқеии AWS барои маҳсулоти зинда
Имкони рушди касбӣ ва афзоиши масъулият бо мурури вақт
Музди кори рақобатпазир (вобаста ба таҷриба муҳокима мешавад)




Интизори муроҷитати шумо,
Дастаи Дониш