Омӯзиши маҳоратҳои тарҳрезӣ бо WPS Office
дар Тарроҳи рақамӣДар бораи ин курс
Хуш омадед, ба ин саёҳати ҷолиб ва ҳаяҷонбахши омӯзиш! Ман аз он ки шумо ҳамроҳи мо ҳастед, шодам ва аз ҳавасмандӣ ва иштиёқи шумо ба омӯзиш ифтихор мекунам. Ин курси мо аз устодони бузург ва ҳақиқии ман - Музаффар Неъмонов ва Кароматулло Шарипов илҳом гирифтааст! (Коллеҷи Омори шаҳри Ваҳдат 2018-2021) Онҳо аввалин қаҳрамонҳои ман буданд, ки шавқу ҳаваси омӯзишро дар дилам бедор карданд. Ман ҳамеша аз таълими онҳо миннатдорам ва умедворам, ки онҳо рӯзе аз курси мо хабардор шаванду аз пешравии донишҷӯёнашон хушнуд гарданд. Дар ин курс, мо якҷоя як сафари ҷолиб ва ҳаяҷонбахшро оғоз мекунем. Дар ин ҷо, шумо аз ҳар як лаҳза барои омӯзиши мавзӯъҳои нав, кашфи маҳоратҳои ҷолиб ва дастрасӣ ба донишҳои арзишманд лаззат хоҳед бурд. Курси мо на танҳо як макони омӯзиш, балки як ҷомеаи пур аз эҳсоси эҷодкорӣ ва рушди шахсият аст. Ҳамаи мо якҷоя дар ин сафар барои пешравии худ ва рушди ҷомеаамон кӯшиш мекунем. Барои саёҳати ҷолиб ва омӯзиши ҳаяҷонбахши омодаед?!
Барои шумо сафари баробар, хушбахтӣ ва муваффақият оромӣ ва самаранокӣ орзу дорам!
Талабот
Доштани дастгоҳи мобилӣ ва ё компютерӣ
Пайвастшавӣ ба Интернет
Шарҳҳо (0)

Мубоҳиса (2)

