Мо мехоҳем, ки ҳамаи Донишомӯзон аз курси харидаашон қаноатманд бошанд. Аз ин рӯ маблағи курс(ҳо)-и аз donish.io ва домени он www.donish.io харидашуда метавонанд дар давоми ҳафт (7) рӯз баргардонида шаванд, ба шарте ки дархости Донишомӯз ба дастурҳои сиёсати баргардонидан ва мубодилаи мо мувофиқат кунад.
Donish.io ҳуқуқ дорад, ки сиёсати мазкурро дар вақти дилхоҳ бидуни огоҳии пешакӣ тағйир диҳад. Аз шумо хоҳиш карда мешавад ки Шартҳои хидматрасонии моро мутолиа кунед, то аз пайдоиши ҳар гуна нофаҳмиҳо канорагирӣ шавад. Donish.io кафолат медиҳад, ки пулҳои шуморо дар давоми 7 рӯзи корӣ боз хоҳад гардонд, агар шумо аз хариди худ мунсариф шудед, ки он сабабҳои дар поён зикр мешударо фаро мегирад.
Donish.io- амнияти иттилоот ва маблағи пардохшудаи шуморо ҳифз мекунад ва кӯшиш мекунад, ки ҷадвали пардохтҳои оқилонаро бар роҳ монад. Пардохтҳо пас аз 7 рӯз коркард карда мешаванд ва ҳеч гуна дархости баргардонидани маблағ аз Донишомӯз пас аз 7 рӯз қабул карда намешавад. Мо ТАНҲО дар асоси сабабҳои зерин баргардонидани маблағро ба Донишомӯз иҷозат медиҳем:
Курс(ҳои)-и аз ҷониби Донишомӯз сабтином шудааст аз ҷониби donish.io бо ягон сабаб ва ё омиле бекор карда мешаванд;
Омӯзгор ба Донишомӯзи номнависшуда миқдори нодуруст ва/ё қисмҳои гумшуда ва парокандаи дарсҳоро пешниҳод мекунад;
Хариди тасодуфӣ ва ё дастнорасӣ ба системаи идоракунии омӯзиши donish.io;
Омӯзгор Курс(ҳо)-ро нест мекунад ва/ё Созишномаи Омӯзгор бо donish.io қатъ карда мешавад.
Сабабҳои иловагӣ барои рад кардани баргардонидан ва ё мубодила:
Мо ҳуқуқ дорем, ки тибқи салоҳдиди худ, дархостҳои баргардонидани маблағро дар ҳолатҳое, ки боварӣ дорем, ки сӯиистифодаи баргардонидани маблағ вуҷуд дорад, нодида гирем аз ҷумла:
Қисмати муҳими курс(ҳо)-и як барнома аз ҷониби Донишомӯз истеъмол ё боргирӣ шудаанд
Донишомӯз пеш аз дархости баргардонидани маблағ онҳоро аллакай аз бар кардааст.
Донишомӯзоне, ки ҳисоби онҳо гузориш шудааст, мамнӯъ шудаанд
Донишомӯзоне, ки дастрасияшон ба Курсҳо бо сабаби вайрон кардани Шартҳои хидматрасонии мо ғайрифаъол шудаанд.
Тартиби дархости баргардонидани маблағро метавонед инҷо пур куне:
Шакли бекоркунӣ ё баргардонидани маблағ (шакл дар ин ҷост)