Чӣ тавр дар асл ман 5 забон омӯхтам? (туҳам метавонӣ)

Аз Ризо Гиёев дар 23/02/2025 | 21:43
Ризо Гиёев

Ризо Гиёев

Омӯзгор
Нашрҳо: 1
Мақбул: 3
Дунболгар: 10
Аъзо аз: 21/09/2024
Макон: Лаҳистон/Поморскӣ

Забонҳо


Онҳо танҳо воситаҳои муошират нестанд; Балки инъикоси дурахшони фарҳанг, таърих ва шахсияти башар мебошанд. Инрӯзҳо, агар ту хондан, навиштан ва суҳбат карданро натавонӣ, пас зиндагият хело душвор хоҳад шуд. Ҳар як корнома, ҳар як вазифа, ҳар як ҷомеъа ва ҳар як кишвар, ба шахсоне ниёз даранд, ки суханваранду забондонанду хушгуфтор.

Ана маҳз барои ҳамин, падару модар, мактаб ва ҷомеа ба мо мегуянд, ки мо бояд, ки забон омӯзем. Вале, дар инҷо мушкиле аст:

Падару модар, мактаб ва ҷомеа фикрм мекунанд, ки барои омухтани забонҳо мо бояд, ки ба донишгоҳ равем! Маблағҳои ҳангуфт дар марказҳои омӯзишӣ масраф кунем.

Вале, ман Ризо Гиёев ин корро намекунам. Дар ин навор, ман ба Шумо дигар роҳеро мегуям, ки агар он роҳро тай кунед, шояд ки дар як соли оянда аллакай 3 забонро ба дараҷаи муошират хоҳед омӯхт.

Биёед аввал, дар бораи ман ва саёҳати забономӯзии ман суҳбат кунем. Ман Ризо Гиёев ҳастам. Тули 4 соли охир, ман ҳамчун мутахасиси IT дар ширкатҳои гуногун, фосилавӣ кор ва фаъоляит мекунам. Дар соли 2023, баъд аз хатми донишгоҳ бо дигар ҳаммуассисонам ITomuz-ро таъсиси додем. Соли 2019 бошад, дар сини 18 солагӣ Душанберо тарк кадам то аз думболи таҳсил шавам. Дар он вақтҳо ман танҳо бо забони Инглисӣ ба дараҷаи касбӣ сухан мерондаму халос. Бале, дар ҳоле, ки дар кишваре таваллуд шуда будам, ки забони давлатӣ тоҷикӣ асту, мутаасифона, ман бо забони тоҷикӣ ба дараҷаӣ касба гутугу карда наметавонистам.

Ана забони русиям бошад, танҳо ба дараҷаи муошират буду халос. Ҳатто, то ҳол, ман ин забонро инкишоф надодам. Чун, ба ман умуман дар зиндагиям лозим набуду нашуд. Вале, ба ҳар ҳол ба мисли дигар тоҷикони Тоҷикистон, ман ин забонро дар мактаб омӯхта будам ва бо русзабонҳо гуфтугу кардан ба ман душвор набуд.

Баъд аз он, ки ба Донишгоҳ рафтам. Диплом гирифтам. Ба дигар давлатҳои саёра саёҳат карам. Бо одамони дигарзабон шинос шудам. Бо онҳо дар як миз, қаҳва нушидам. Баҳсҳо кардам. Таҳсил кардам. Ба забонҳои онҳо аз наздик шинос шудам. Ва ба хулосае, омадам, ки забономӯзӣ дар асл душвор нест. Мо набояд, танҳо барои 1 забонро омӯхтан 4 сол масраф кунем.

Ҳаёт хело кутоҳ аст, танҳо барои як забон омӯхтан. Ана ба хулосае, омадам, ки дар Notion ман як базаи додаҳо месозам. Ҳар як сомона, ҳар як барномаи мобилӣ, ҳар як маводи ройгон, ҳар як платформаи омӯзишӣро дар ин базаи додаҳо илова мекунам. Ин маҳсулоти рақамиро ман “Захираҳои ройгон барои Забономӯзӣ” номгузорӣ кардам. Онро аз руи маҳорат, аз руи минтақа ва аз руи намуд ҷудо кардам, то ба ман осонтар гардад ҳамон маводро ёфтан.

Барои маълумоти бештар ба ин навор нигаред: Чӣ тавр дар АСЛ ман 5 забон омӯхтам

23/02/2025 | 21:43
3 Мақбул

Шикоят кардан

Лутфан, шикояти худро кӯтоҳ ва равшан баён кунед.

Қоидаҳои умумии ҳифзи маълумот

Вақте ки шумо ба яке аз вебсайтҳои мо ташриф меоред, эҳтимол дорад, ки маълумотҳоро дар браузери шумо захира ё баргардонем, ки бештар дар шакли кукиҳо мебошанд. Ин маълумотҳо метавонанд дар бораи шумо, афзалиятҳо ва дастгоҳи шумо бошанд ва асосан барои он истифода мешаванд, ки вебсайт чуноне кор кунад, ки шумо интизораш доред. Ин маълумотҳо одатан шуморо мустақиман шинасоӣ намекунанд, вале метавонанд таҷрибаи интернетии шахсиро ба шумо беҳтар намоиш диҳанд. Мо ҳуқуқи шумо ба махфиятро эҳтиром мекунем, бинобар ин, шумо метавонед қарор диҳед, ки баъзе намуди кукиҳоро иҷозат надиҳед. Лутфан, барои ёфтани маълумоти бештар ва идора кардани афзалиятҳоятон ба категорияҳои гуногун зер кунед. Лутфан дар хотир доред, ки бастани баъзе кукиҳо метавонад таъсир ба таҷрибаи шумо дар вебсайт ва хидматҳое, ки мо метавонем пешниҳод кунем, гузорад.