Аввал, бояд мутмаин бошед, ки ба Дониш ворид шудаед. Баъдан аз болобар бахши «Курсҳо» - ро зер кунед.

Баъдан курси писандидаатонро ёфта дар болои он зер кунед. Дар инҷо ба шумо 2 интихоб медиҳем:

Агар шумо хоҳед танҳо ҳамин курсро харидорӣ кунед, пас ба тугмаи «Ҳоло бихар!»-ро зер кунед. Агар хоҳед, ки якчанд курс, маҳсулоти виртуалӣ, ва дигар маҳсулотҳои пешниҳодкардаи Донишро якҷоя дар як сабад илова карду, баъдан яку-якбора харед, пас тугмаи «Илова ба сабад»-ро пахш кунеду хариди худро идома диҳед.

Дониш ба шумо роҳҳои муффид ва амни пардохтро фароҳам овардааст. Шумо метавонед аз ҳаминёни Дониш истифода карда пардохти худро анҷом диҳед ва ё мо бо Stripe ҳамкорӣ карда, ба шумо имкон фароҳам овардаем, то аз Google Pay, Apple Pay, Visa, ва Mastercard-кортҳо истифода карда, хариди худро анҷом диҳед. 
Агар аз Браузери Safari-ро дар iPhone, iPad ва ё MacBook истифода кунед, пас бо тариқи автоматӣ ба шумо тугмаи Apple Pay дар ин саҳифа намоиш дода мешавад. Агар дар Барузери Chrome-ро дар Android истифода баред, пас бо тариқи автоматӣ ба шумо тугмаи Google Pay намоиш дода мешавад. Ва ё шумо маълумотҳои дилхоҳ кортҳои Visa ё Mastercard-ро дар ин шакл илова кунед ва тугмаи пардохт карданро зер кунед.
Ҳаммаи ин вазифаро Stripe иҷро мекунад ва Дониш ягон маълмуоти кортҳои шуморо дар худ захири нахоҳад кард. Бо ҳамин, ҳам пардохти осон, қулай ва амнро шумо анҷом медиҳед ва курсатонро бобарор харидорӣ мекунед.

Агар ягон саволе, дошта бошед, пас ба бахши «Кумак» гузашта ба мо «Паёми нави пуштибонӣ» фиристед.