Мушкил дар тамошои видеои курси "Ҳакери хуб ба ҳама лозим аст".

Аз Муҳаббатзода Айюб дар 9/03/2025 | 11:29
Муҳаббатзода Айюб

Муҳаббатзода Айюб

Донишомӯз
Нашрҳо: 1
Мақбул: 5
Дунболгар: 3
Аъзо аз: 1/01/2025

Салом, дастаи Donish.io!

Ман Муҳаббатзода Айюб, истифодабарандаи платформаи шумо ҳастам. Ҳангоми тамошои курси "Ҳакери хуб ба ҳама лозим аст" аз Умедҷон Худойназаров, бо мушкил рӯ ба рӯ шудам:

      1. Видеоҳо бор намешаванд ё хеле суст кор мекунанд.
      1. Ин мушкил танҳо дар ин курс пайдо шудааст, дар ҳоле ки курсҳои ITF+ тоҷикӣ бе мушкил кор мекунанд.
      1. Интернети ман 3.5 МБ/с аст, ва ман браузерро нав кардам, кэши онро пок кардам ва бо интернети дигар санҷидам, вале мушкил ҳалношуда боқӣ мемонад.

Лутфан, ин масъаларо санҷед ва ба ман хабар диҳед, ки чӣ тавр онро ҳал карда метавонам.

Ташаккур барои кӯмакатон!

  • Бо эҳтиром,
    Муҳаббатзода Айюб
9/03/2025 | 11:29
5 Мақбул
Дониш

Дониш

Донишиён
Нашрҳо: 2
Мақбул: 4
Дунболгар: 1
Аъзо аз: 19/08/2020
pin icon

Дуруд Аюб,

Мо дубора аз тарафи худ ин масъаларо санҷида баромадем. Барои мо бе мушкилӣ бо суръат беҳтарин кор мекунад. Мо аз Viemo истифода кардаем то курсро нашр кунем. Бояд мушкилӣ ба суръатро накунад.


Сипос, ки аз платформаи мо истифода мекӯнед,

Тими Дониш

25/03/2025 | 01:08
4 Мақбул

Шикоят кардан

Лутфан, шикояти худро кӯтоҳ ва равшан баён кунед.

Қоидаҳои умумии ҳифзи маълумот

Вақте ки шумо ба яке аз вебсайтҳои мо ташриф меоред, эҳтимол дорад, ки маълумотҳоро дар браузери шумо захира ё баргардонем, ки бештар дар шакли кукиҳо мебошанд. Ин маълумотҳо метавонанд дар бораи шумо, афзалиятҳо ва дастгоҳи шумо бошанд ва асосан барои он истифода мешаванд, ки вебсайт чуноне кор кунад, ки шумо интизораш доред. Ин маълумотҳо одатан шуморо мустақиман шинасоӣ намекунанд, вале метавонанд таҷрибаи интернетии шахсиро ба шумо беҳтар намоиш диҳанд. Мо ҳуқуқи шумо ба махфиятро эҳтиром мекунем, бинобар ин, шумо метавонед қарор диҳед, ки баъзе намуди кукиҳоро иҷозат надиҳед. Лутфан, барои ёфтани маълумоти бештар ва идора кардани афзалиятҳоятон ба категорияҳои гуногун зер кунед. Лутфан дар хотир доред, ки бастани баъзе кукиҳо метавонад таъсир ба таҷрибаи шумо дар вебсайт ва хидматҳое, ки мо метавонем пешниҳод кунем, гузорад.