Шоҳзодаи хурдакак
Умедҷон ...
3
Фурӯш
- Шоҳзодаи хурдакак тоҷикӣ, китоби аудиоӣ тоҷикӣ, Le Petit Prince тоҷикӣ, Сент-Экзюперӣ, аудиокитоб, Donish.io, Дониш
Ройгон
Миқдор
Дар бораи ин маҳсулот
"Шоҳзодаи хурдакак" — достони ҷовидонаи нависанда ва авиатори фаронсавӣ Антуан де Сент-Экзюперӣ аст, ки соли 1943 нашр шуда, дилҳои миллионҳо хонандаро дар саросари ҷаҳон фатҳ кардааст. Қаҳрамони хурдсол аз сайёраи худ ба сафар мебарояд ва дар роҳ одамони гуногунро мулоқот мекунад — аммо танҳо дар Замин аст, ки мафҳуми дӯстӣ, муҳаббат ва масъулиятро дарк мекунад. Дар ин нашри аудиоии тоҷикӣ, яке аз омӯзгорони Donish.io асарро тарҷума карда, бо садои гарм ва самимии худ ба ҳаёт овардааст.
Мушаххасоти маҳсулот
0
0 Баррасиҳо
Сифати махсулот (0)
Арзиши харид (0)
Сифати таҳвил (0)
Сифати фурӯшанда (0)
Худойназаров Умедҷон
Тарроҳи рақамӣ • Омӯзгори информатика • Мутахассиси технология
Ман Худойназаров Умедҷон, тарроҳи рақамӣ ва омӯзгори информатика аз Тоҷикистон ҳастам. Шавқу ҳавасам ба технология аз кӯдакӣ оғоз шуда, имрӯз ба як қисми муҳими фаъолияти касбии ман табдил ёфтааст.
Таҳсилоти худро дар МТМУ №54-и шаҳри Ваҳдат ва Коллеҷи омор гирифта, қисми зиёди дониш ва малакаҳои касбиамро тавассути худомӯзӣ ва таҷрибаи амалӣ ба даст овардаам.
Дар самтҳои тарроҳии графикӣ, веб, 3D-моделсозӣ, ва технологияҳои рақамӣ таҷриба дорам. Бо Photoshop, HTML/CSS, Python, Unity, SketchUp ва Microsoft Office кор кардаам.
Аз соли 2024 дар рушди лоиҳаҳои рақамӣ ва таълимӣ фаъолият дошта, дар пешбурди Kitobkhon Online ва лоиҳаи Tarh.Pro саҳм мегузорам. Ҳамзамон ҳамчун омӯзгори информатика фаъолият мекунам ва кӯшиш дорам донишҳои худро ба дигарон низ расонам.
Ман ба худомӯзӣ, эҷодкорӣ ва рушди пайваста бовар дорам. Ҳадафам эҷоди лоиҳаҳои муфид, рушди малакаҳои касбӣ ва истифодаи технология барои сохтани чизҳои арзишманд аст.
«Ё як бор риск кун, ё як умр ҳасраташро бихӯр.»

Ҷавоб ба шарҳ