Ройгон – Курси HTML, CSS бо Умед
дар Забонҳои барномасозӣДар бораи ин курс
Ҳамеша ба ёди он рӯзе меафтам, ки барои аввалин бор бо ҷаҳони веб шинос шудам.Ҳамон вақт Устоди азизам Давлатов Рахматуллоҳ ба ман асрори сомонасозиро нишон доданд.
Устоди ман муҳтарам Давлатов Рахматуллоҳ, ҳамон аввалин касе буд, ки рағбати маро ба “сомонасозӣ” бедор кард. Ӯ бо ҳаваси зиёд маро ба олами эҷоди сомонаҳо бурд. Ҳамаи донишҳои ман дар сомонасозӣ ба шарофтаи ӯ ба даст омаданд.
Ман ҳамеша аз ӯ барои ҳама чизи хубе, ки бароям омӯхтаанд, миннатдор ҳастам. Ӯ на танҳо олим ва устоди таҷрибадор буд, балки ҳамчун раҳбари маънавӣ ҳам ба ман таъсири зиёд расониданд.
Пас аз анҷоми омӯзишҳои ӯ, ба фикр фурӯ рафтам, ки ин илми дар ман ҷамоваришударо то имкон дорам бо касе мубодила кунам. Яъне, курси ройгоне созам, ки дигар ҷавононро ҳам ба олами ҷодуии сомонасозӣ ошно кунад.
Ӯ ба ман на танҳо дониш омӯхт, балки ба ман таълим дод, ки донишро бо дигарон низ мубодила кунам.
Ман умедворам, ки имрӯз метавонам ҳамон мақсадро амалӣ созам ва ба ҷавонон имконият диҳам, ки дар соҳаи сомонасозӣ муваффақ шаванд.
Устоди ман Давлатов Рахматуллоҳ, имрӯз ҳам барои ман роҳбар ва илҳомбахш ҳастанд. Ман умедворам, ки дар оянда ҳам метавонам барои шумо фахр оварам.
Талабот
Дастгоҳи мобилӣ ва ё дастгоҳи компютерӣ доштан
Пайвастшавӣ ба Интернет
Меҳри зиёд ба сомонасозӣ
Пешшартҳо
Курсҳои алоқаманд
Шарҳҳо (0)

Мубоҳиса (1)
