Роҳи забонҳо: Хазинаи ройгон барои омӯзиши 6 забон
- Ин маконе аст, ки ман маводҳои ройгони онлайниямро ҳуҷҷатгузорӣ кардаам. Баъд аз харид, шумо метавонед тамоми сомонаҳое, ки ба шумо забонҳои хориҷиро ройгон меомӯзонандро дастрас кунед.
Миқдор
Дар бораи ин маҳсулот
Тавсиф:
Ман 7 сол пеш танҳо як забон медонистам. Имрӯз бо 6 забон дар сатҳи гуногун суҳбат мекунам: англисӣ, испанӣ, форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва лаҳистонӣ.
Дар ин роҳ ҳазорҳо сомона, китоб, подкаст ва радиоҳои ройгонро кашф кардам. Аммо муаммо дар ин буд: ҳамаи онҳо парокандаанд. Рӯзҳои зиёде талоф кардам, то ки манбаъҳои хубро пайдо кунам. Акнун шумо набояд ҳамон заҳматоеро, ки ман кашидаам такрор кунед.
Дар ин шаблони сохтаам чӣ дорам?
- Ҳамаи вебсайтҳое, ки забонро ройгон меомӯзонанд
- Китобҳои электронии озод
- Подкастҳо ва радиоҳо барои тамрин
- Роҳҳои санҷидашудаи омӯзиш
- 7 соли таҷрибаи амалӣ дар як ҷой
Ин танҳо як рӯйхат нест - ин хазина аст. Ман ҳар як манбаъро санҷидам, баҳо додам ва татбиқ кардам. Агар шумо хоҳед забони нав омӯзед, вале надонед аз куҷо оғоз кунед - ин маҳсулот барои шумост.
Вақти худро захира кунед. Аз таҷрибаи ман истифода баред.😉
Ин наворро барои маълумоти бештар бубинед:
Савол — ҷавоб
Саволҳои зуд-зуд додашударо дар бораи ин маҳсулот бинед
Мушаххасоти маҳсулот
Барнома: Notion
Забон: Тоҷикӣ
Саҳифа: 33 саҳифа
Навсозии доимӣ: Манбаъҳои нав илова мешаванд
Қобили нусхабардорӣ: Метавонед худатон илова ва тағйир диҳед
Таҳмина Давлат
Он чӣ ки баъд рӯй дод, чунин аст:
2017: Орзуи 6-солаи футболбоз шуданро тарк кардам ва ба таҳсилот диққат додам.
2018: Забонҳои англисӣ ва русиро омӯхтам, стипендияи раиси ноҳияи Рӯдакиро гирифтам ва ба гурӯҳи волонтёрони ноҳиямон ҳамроҳ шудам.
2019: Мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм кардам, стипендия аз Иттиҳодияи Аврупо гирифтам ва ба Лаҳистон барои таҳсили илмҳои компютерӣ кӯчидам.
2020: Саҳифаи YouTube-и худро оғоз кардам (ҳоло бо зиёда аз 2000 обуначӣ), вебсайти шахсии худро сохтам ва ба навиштани блогҳо шурӯъ намудам. Дар корхонаҳои гуногун дар давоми таътилҳо кор кардам то зиндагиямро бо пули худ гузаронам.
2021: Дар Volvo Group IT ҳамчун таҳиягари барномаҳои мобилӣ таҷрибаомӯзӣ гирифтам. Гарчанде, ки баъд аз он ман вазифаи барномасозиро нагирифтам, ман устувор мондам ва аз ишқи худ ба Текнолоҷӣ ҳаригиз даст накашидам.
2022: Аввалин кори касбии IT-и худро дар HCL Poland ҳамчун агенти хидматрасонии мизоҷ (Service Desk Agent) барои Adidas оғоз кардам. Дар ин муддат, ман забони лаҳистониро омӯхтам ва сертификатҳои нави IT гирифтам.
2023: Пас аз як сол дар хидматрасонии мизоҷ (Service Desk), ман ба вазифаи мутахассис пешбарӣ шудам. Ман дар HCL дар маҷмӯъ 2 солу 3 моҳ мондам. Дар ҳамон сол, ман донишгоҳро бо дипломи муҳандисии лаҳистонӣ хатм кардам. Ба RapidSeedbox ҳамчун администратори Linux барои 2 моҳ ҳамроҳ шудам. Donish.io (пештар ITomuz.com)-ро оғоз кардам ва ба мубодилаи донишҳои IT-и худ дар саҳифаҳои YouTube-ам идома додам. То охири сол, ман ба 1000 обуначӣ расидам ва зиёда аз 10 блогро дар вебсайти шахсии худ нашр кардам.
2024: Зиёда аз 13 нафарро дар лоиҳаи тарафии худ ҳамроҳ, идора ва ҳамкорӣ кардам. Курси ITF Plus (аз CompTIA)-ро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардам ва онро дар платформаи омӯзишии сохтаи худ, Donish.io, нашр кардам. Вазифаи нав дар Thomson Reuters гирифтам ва ба Гданск кӯчидам.
Ин як сафари афсонавӣ буд 🌄
Имрӯз: Ман ба васеъ кардани Donish.io, пешрафти касбии худ дар Thomson Reuters, беҳтар кардани забони испаниям ва анҷом додани сертификатсияҳои иловагӣ диққат медиҳам.
Дуруд! Ман Ризо 👋🏻
Мутахассиси IT ҳастам ва ишқи зиёде ба Текнолоҷӣ дорам. Тӯли 4 сол мешавад, ки фосилавӣ & аз-пеш дар ширкатҳои гуногуни Аврупо кор мекунам.
- Одатан ҳар сӯбҳ барои 4 соат рӯза мегирам 🍉
- WiFi - ро комилан истифода намебарам. Танҳо бо интернети сими кор мекунам. Телефонам дар реҷаи ҳавопаймо аст ва душвор аст манро ёфтан ✈️
- Забономӯзиро дӯст медорам:тоҷикӣ, инглисӣ, русӣ, лаҳистонӣ ва испаниро дар сатҳои гуногун балад ҳастам 🗣️
Дар Дониш бошад, курсҳои гуногунро вобаста ба мавзуҳои гуногун эҷод ва пешниҳоди донишомӯзон менамоям. Курсҳои онлайниро дӯст медорам ва маҳз барои ҳамин Донишро бунёд кардем, то ин мушкилиро ҳал карда, омӯзишро рақамӣ кунем.
Сипос, ки аз маҳсулоти сохтаи ман/мо истифода мекунед. Мақсад танҳо як чиз аст: Сохтани маҳсулоти рақамӣ бо забони модарӣ.
Ба мувафақияти шумо,
Ризо Гиёев
МАҲОРАТҲО:
Идоракунии Linux
Таҳияи барномаҳои мобилии кросс-платформа (Flutter)
Таҳияи REST API (Golang)
Шабака ва амният (VPN, Proxy)
Баррасии код ва идоракунии вазифаҳо
Маҳоратҳои эҷодкорӣ (Adobe Suite, Sony Vegas Pro, CapCut)
СЕРТИФИКАТСИЯҲО:
CompTIA ITF+
CompTIA A+
CompTIA Security+
CompTIA Network+
CompTIA Linux+
Маҳсулоти марбут
Курсҳои нав нашршударо омӯзед ва навсозӣ кунед.
Курсҳои алоқаманд
Курсҳои нав нашршударо омӯзед ва навсозӣ кунед.
Ҷавоб ба шарҳ