Ҳолнома
Тасмими тарки футбол дар соли 2017 ва гузаштан ба соҳаи IT беҳтарин тасмим дар ҳаётам буд.
Он чӣ ки баъд рӯй дод, чунин аст:
2017: Орзуи 6-солаи футболбоз шуданро тарк кардам ва ба таҳсилот диққат додам.
2018: Забонҳои англисӣ ва русиро омӯхтам, стипендияи раиси ноҳияи Рӯдакиро гирифтам ва ба гурӯҳи волонтёрони ноҳиямон ҳамроҳ шудам.
2019: Мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм кардам, стипендия аз Иттиҳодияи Аврупо гирифтам ва ба Лаҳистон барои таҳсили илмҳои компютерӣ кӯчидам.
2020: Саҳифаи YouTube-и худро оғоз кардам (ҳоло бо зиёда аз 2000 обуначӣ), вебсайти шахсии худро сохтам ва ба навиштани блогҳо шурӯъ намудам. Дар корхонаҳои гуногун дар давоми таътилҳо кор кардам то зиндагиямро бо пули худ гузаронам.
2021: Дар Volvo Group IT ҳамчун таҳиягари барномаҳои мобилӣ таҷрибаомӯзӣ гирифтам. Гарчанде, ки баъд аз он ман вазифаи барномасозиро нагирифтам, ман устувор мондам ва аз ишқи худ ба Текнолоҷӣ ҳаригиз даст накашидам.
2022: Аввалин кори касбии IT-и худро дар HCL Poland ҳамчун агенти хидматрасонии мизоҷ (Service Desk Agent) барои Adidas оғоз кардам. Дар ин муддат, ман забони лаҳистониро омӯхтам ва сертификатҳои нави IT гирифтам.
2023: Пас аз як сол дар хидматрасонии мизоҷ (Service Desk), ман ба вазифаи мутахассис пешбарӣ шудам. Ман дар HCL дар маҷмӯъ 2 солу 3 моҳ мондам. Дар ҳамон сол, ман донишгоҳро бо дипломи муҳандисии лаҳистонӣ хатм кардам. Ба RapidSeedbox ҳамчун администратори Linux барои 2 моҳ ҳамроҳ шудам. Donish.io (пештар ITomuz.com)-ро оғоз кардам ва ба мубодилаи донишҳои IT-и худ дар саҳифаҳои YouTube-ам идома додам. То охири сол, ман ба 1000 обуначӣ расидам ва зиёда аз 10 блогро дар вебсайти шахсии худ нашр кардам.
2024: Зиёда аз 13 нафарро дар лоиҳаи тарафии худ ҳамроҳ, идора ва ҳамкорӣ кардам. Курси ITF Plus (аз CompTIA)-ро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардам ва онро дар платформаи омӯзишии сохтаи худ, Donish.io, нашр кардам. Вазифаи нав дар Thomson Reuters гирифтам ва ба Гданск кӯчидам.
Ин як сафари афсонавӣ буд 🌄
Имрӯз: Ман ба васеъ кардани Donish.io, пешрафти касбии худ дар Thomson Reuters, беҳтар кардани забони испаниям ва анҷом додани сертификатсияҳои иловагӣ диққат медиҳам.
Дуруд! Ман Ризо 👋🏻
Мутахассиси IT ҳастам ва ишқи зиёде ба Текнолоҷӣ дорам. Тӯли 4 сол мешавад, ки фосилавӣ & аз-пеш дар ширкатҳои гуногуни Аврупо кор мекунам.
- Одатан ҳар сӯбҳ барои 4 соат рӯза мегирам 🍉
- WiFi - ро комилан истифода намебарам. Танҳо бо интернети сими кор мекунам. Телефонам дар реҷаи ҳавопаймо аст ва душвор аст манро ёфтан ✈️
- Забономӯзиро дӯст медорам:тоҷикӣ, инглисӣ, русӣ, лаҳистонӣ ва испаниро дар сатҳои гуногун балад ҳастам 🗣️
Дар Дониш бошад, курсҳои гуногунро вобаста ба мавзуҳои гуногун эҷод ва пешниҳоди донишомӯзон менамоям. Курсҳои онлайниро дӯст медорам ва маҳз барои ҳамин Донишро бунёд кардем, то ин мушкилиро ҳал карда, омӯзишро рақамӣ кунем.
Сипос, ки аз маҳсулоти сохтаи ман/мо истифода мекунед. Мақсад танҳо як чиз аст: Сохтани маҳсулоти рақамӣ бо забони модарӣ.
Ба мувафақияти шумо,
Ризо Гиёев
МАҲОРАТҲО:
Идоракунии Linux
Таҳияи барномаҳои мобилии кросс-платформа (Flutter)
Таҳияи REST API (Golang)
Шабака ва амният (VPN, Proxy)
Баррасии код ва идоракунии вазифаҳо
Маҳоратҳои эҷодкорӣ (Adobe Suite, Sony Vegas Pro, CapCut)
СЕРТИФИКАТСИЯҲО:
CompTIA ITF+
CompTIA A+
CompTIA Security+
CompTIA Network+
CompTIA Linux+