№1. Фикронии ғайристандартӣ
Масалан, Бенҷамин Франклинро , тақрибан таҳсили мактабӣ нагирифта буд, вале дар натиҷаи худомузӣ ӯ ба бузургтарин ихтироъкор, дипломат, олим, нависанда, ва ходими давлатии Амрико табдил ёфт.
Алберт Эйнштейн ҳам чунин мушкилро дошт, азбаски дер ба ҳарф задан оғоз кард ва аз нигоҳи системаи таълимоти онвақта ӯ аз талабаҳои сустхон ба ҳисоб мерафт. Ӯ ҳар дарсеро мегирфт ва чизеро ки меомӯхт аз нигоҳи интиқодӣ ба таҳлилаш мепардохт. Ин зеҳнияте буд, ки дар ҳамсинфони Эйнштейн дида намешуд. Пасон ин куҷковӣ боис шуд ки Эйнштейн қонуни нисбият ва назарияи квантияшро ихтироъ кунад.
Ё ин ки Стив Ҷобс (ӯ ҳам гоҳе барои раҳоӣ аз мушкилот ба навохтани скрипка машғул мешуд, аниқтараш мусқиро сахт дӯст медошт) ҳамчун Эйнштейн боварманди муҳимияти зебоӣ буд. Ӯ бовар дошт, ки санъат ва улуми инсонӣ ва риёзи бояд пайвандгарӣ ҳам бошанд. Ин бовармандӣ боси шуд, ки ӯ ба Ҳиндустон биравад.
№ 2. Кунҷковӣ
Нобиғаи бузург Леонардо да Винчиро кунҷков ҳисобидан мумкин аст. Вай ҳам ҳамчун рассом ва ҳам ҳамчун олим фикр мекард, ки ба шарофати он ӯ консепсияҳои назариявие низ пайдо шуданд. Ба қавли худаш, ӯ пайрави таҷриба ва озмоиш буд. Хусусияти илҳомбахши ӯ кунҷковӣ буд.
Ҳазорҳо сафҳаи хотироти ӯ , ки пас аз ӯ боқӣ мондаанд, пур аз саволҳое буданд, ки ӯро ба худ ҷалб мекарданд. Масалан, вай мехост бифаҳмад, ки чаро одамон меларзанд, чӣ гуна як квадратеро, ки дар масоҳаташ ба давра баробар аст, сохтан мумкин, чӣ гуна чашми инсон рӯшноиро қабул мекунад ва ин чӣ гуна метавонад ҳангоми расм кашидан муфид бошад. Дар ниҳоят ӯ тасмим гирифт, ки платсентаи гов, ҷоғҳои тимсоҳ, мушакҳои рӯи инсон ва нури моҳро омӯзад.
Кунҷковии ӯ аксар вақт ба чизҳое равона карда мешуд, ки одамони оддӣ танҳо дар кӯдакӣ дар бораи он фикр мекунанд (масалан, чаро осмон кабуд аст).
Баъзе одамонро метавон дар соҳаи муайян нобиға номид, масалан Леонард Эйлер -дар математика, Мотсарт -дар мусиқӣ. Истеъдод ва завқу шавқи Да Винчи бисёр фанҳоро дар бар мегирифт.
Да Винчи нобиға буд, аммо на танҳо аз он ҷиҳат, ки азлу зеҳнияти тавоное дошт,балки муҳимтар аз ҳама, намунаи ақли умумиҷаҳонӣ буд. Ӯ инсонест, ки кунҷковияш ба ҳама таъсир расонида аст.
Маводҳои дигари моро метавонед
ин ҷо бихонед.