3 Саволе ки баъд аз шикаст аз худ бипурсед

Эҷодкор Дониш дар Мақолаҳо 28/04/2025
Ҳамрасонӣ

Аввалин зани афроамрикоии рангинпӯст Стейси Абрамс дар бораи ба пеш ҳаракат кардан баъд аз шикаст ба мо нақл хоҳад кард. Ӯ соли 2018 дар конференият ТED дар бораи таҷрибаҳояш нақл кард. Ӯ аввалин зани рангинпӯсте буд, ба масанди губернаторӣ дар ИМА пешбарӣ шуда буд.

Саргузашти ман

Дар синни 17-солагӣ ман мактабро бо баҳои беҳтарин дар байни ҳамаи донишҷӯён хатм кардам ва аз худ хеле ифтихор мекардам. Ман аз оилаи камбизоат будам ва мо аз Миссисипи ба Ҷорҷия кӯчидем, зеро волидонам мехостанд, ки маълумоти динӣ гиранд. Пас, яке аз бартариҳои хатмкунандагони беҳтарин дар ин иёлат он буд ки фарди бартар имкони мулоқоти шахсӣ бо губернаторро дошт. Ман барои мулоқот бо ӯ хеле кунҷков шудам, вале аз ҳама зиёд мехостам, ки хонаи боҳашамати ӯро бубинам.


Субҳи рӯзи мавъуд (таъиншуда) ману волидонам ба автобус савор шуда равони хонаи губернатор шудем. Мо мошин надоштем, гарчанде ки дар ҷануб доштани он як амри зарурӣ ҳисобида мешавад, чунки нақлиёти ҷамъиятӣ дар ин ҷо хуб кор намекунад. Дар умум, мо то ба хонаи ҳоким рафтем, ба дарвозае наздик шудем, ки посбоне дар назди дари он меистод. Ӯ ба мо нимнигоҳе карада ва иҷозати вуруд надод. " Ин ҷо ҷои шумо нест, ин як маҳфили хусусист"- гуфт ӯ.


Падарам кӯшиш мекард фаҳмонад, ки моро даъват кардаанд, аммо посбон ҳатто ба рӯйхати меҳмонон наменигарист. Вай ба автобусе, ки мо фаромадем, нигариста дарк кард, ки мо камбағалем, ки ҳатто мошин наметавонем мошин дошта бошем. Намедонам ин мард боз ба чӣ фикр кард, ки боз ҳам рад кард. Пас аз баҳсҳои зиёд, волидонам ӯро маҷбур карданд, ки рӯйхати даъватшавандагонро тафтиш кунад. Номи моро дар он ҷо дида, ниҳоят посбон моро ба ворид шудан иҷозат дод.


Имрӯз ҳоло на мулоқот бо губернатор ва на мулоқот бо хатмкунандагонро дар хотир дорам, вале ба хубӣ дар хотир дорам, ки чӣ гуна марде дар назди хонаи бонуфузтарин инсон дар иёлот истода, бо як нигоҳ тасмим гирифт, ки ман ба он ҷо тааллуқ надорам. Зин сабаб, тақрибан пас аз 20 сол, қарор додам, ки инсоне шавам, ки дарҳоро ба рӯи ҳама боз мекунад.

Шумо охири ин достонро медонед. Он тавре ки ман мехостам нашуд. Акнун ман бояд бифаҳмам, ки чаро ҳама чиз хато рафтаву чӣ бояд кард.

Саволҳое ки бояд аз худ бипрусед

Ман фаҳмидам, ки танҳо талош басанда нест. Пас, аз худам пурсидам, ки ҳоло чӣ кор бояд кунам? Чӣ гуна метавон талхии зиндагӣ, ғамгинӣ ва бепарвоиро рафъ кард? Ҳангоми хӯрдани яхмос тамошои телевизорро чӣ гуна бояд бас кард? Баъдан чӣ бояд кард? Ва ман қарор додам он кореро, ки ҳамеша мекардам, анҷом диҳам.

Ман пеш ҳаракат хоҳам кард, зеро ба қафо баргаштан ғайриимкон аст ва дар як ҷо истодан кофӣ нест.

Мусобиқа барои вазифаи фармондориро(губернатор) бо фикр кардан дар мавриди он ки, кӣ ҳастаму чӣ шудан мехоҳам оғоз кардам. Пеш аз оғози ҳар коре се саволро мудом аз худам мепурсам. Инҳо саволҳое ҳастанд ки баъд аз шикаст ҳам метавон пурсид:

№1. Ман чӣ мехоҳам?

Ҳоло ман медонам, ки чӣ мехоҳам. Ман тағйирот мехоҳам. Ҳоло мо бояд аз худ як чизи дигарро бипурсем: оё ман нисбати худ дар бораи ғаразҳои худ ростқавл ҳастам? Пас аз нокомӣ, фикр кардан осон аст, ки шумо дар назди худ ҳадафе дастнорас гузоштаед. Аммо ман бешубҳа гуфта метавонам: қатъӣ бошед. Нагузоред, ки нокомӣ шуморо аз роҳатон боздорад.

№2. Чаро ман инро мехоҳам?

Вақте ки шумо фаҳмидед, ки чӣ мехоҳед, дар бораи ниятҳоятон тасмим гиред. Инҳо бояд чизе бошанд, ки пеш аз хоб тамоми фикрҳои шуморо ба худ ҷазб кунанд. Ё андешаҳое бошанд, ки ҳар субҳ вақте шумо аз хоб мехезед бароятон сарчашмаи илҳом шавад. Ва ё чизе бошад, ки шуморо ба ғазаб меорад ва шумо зарурати тағйир додани онро эҳсос мекунед. Бешубҳа шумо бояд бидонед, ки чаро шумо ин корро карда истодаед ва чаро ин кор бояд иҷро карда шавад.

Эҳтимол шумо шунидаед, ки дигародамонро дар чунин ҳолат чӣ водор мекунад, аммо шумо бояд сабаби муайяни худро дошта бошед. Агар шумо намедонед, ки чаро он тасмимро гирифта истодаед, аз идея ба татбиқи он гузаштан маъное надорад.

Вақте ки мушкили саратон меояд ва аз аввалин кушишатон шикаст мехӯред, дӯстонатон аз ёриятон даст мекашанд ва онҳое ки шуморо дастгирӣ мекарданд фаромӯш хоҳанд кард. Аз сари нав бе дарки он, ки чаро шумо ин корро оғоз кардаед наметавонед боз оғоз кунед.

№3. Чӣ гуна метавонам ба он ноил шавам?

Се омил ҳамеша моро бозмедоранд. Аввалан, молия. Чӣ орзуҳое ҳастанд ки аз миқдори захираҳо вобастаанд! Аммо достонҳои зиёде боз ҳастанд, ки чӣ гуна одамон мушкилоти молиявиро паси сар карданд. Пул моро аз орзуҳо бозмедорад. Ман гуфта наметавонам, ки шумо мушкилоти молиявиро паси сар мекунед, аммо шумо ҳатман пушаймон мешавед, агар талош накунед.Сониян, тарс. Он воқеӣ ва фалаҷкунанда аст. Аммо он инчунин метавонад қувват бахшад. Дар ниҳоят, вақте шумо медонед, ки аз чӣ метарсед, шумо метавонед як роҳи халос шудан аз ин тарсро пайдо кунед.


Ва сеюм, хастагӣ. Баъзан фақат қуввае нест, ки ҳама чизро аз нав оғоз кунед. Чунин лаҳзаҳо ба шумо имкон медиҳанд баҳо диҳед, ки воқеан то чи андоза шумо хостори ба ҳадафи худ расидан ҳастед. Дар хотир дошта бошед , ки чаро шумо шурӯъ кардед. Ва рӯз ба рӯз пеш рафта чизи дилхоҳатонро ба даст оред.

Маводҳои дигари моро метавонед ин ҷо бихонед.

Шарҳ (0)

Ҳамрасонӣ

Ин нашрияро бо дигарон ҳамрасонӣ кунед

Қоидаҳои умумии ҳифзи маълумот

Вақте ки шумо ба яке аз вебсайтҳои мо ташриф меоред, эҳтимол дорад, ки маълумотҳоро дар браузери шумо захира ё баргардонем, ки бештар дар шакли кукиҳо мебошанд. Ин маълумотҳо метавонанд дар бораи шумо, афзалиятҳо ва дастгоҳи шумо бошанд ва асосан барои он истифода мешаванд, ки вебсайт чуноне кор кунад, ки шумо интизораш доред. Ин маълумотҳо одатан шуморо мустақиман шинасоӣ намекунанд, вале метавонанд таҷрибаи интернетии шахсиро ба шумо беҳтар намоиш диҳанд. Мо ҳуқуқи шумо ба махфиятро эҳтиром мекунем, бинобар ин, шумо метавонед қарор диҳед, ки баъзе намуди кукиҳоро иҷозат надиҳед. Лутфан, барои ёфтани маълумоти бештар ва идора кардани афзалиятҳоятон ба категорияҳои гуногун зер кунед. Лутфан дар хотир доред, ки бастани баъзе кукиҳо метавонад таъсир ба таҷрибаи шумо дар вебсайт ва хидматҳое, ки мо метавонем пешниҳод кунем, гузорад.